Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки пешниҳодҳо барои якумрӣ кардани муҳлати президентии Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам сироят хоҳад кард.

Камолиддин Рабимов, як коршиноси узбак, мегӯяд, ҳама президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд, як умр сари қудрат бимонанд ва Қазоқистони аз ҷиҳати иқтисодӣ муваффақтар бо қабули ин пешниҳод метавонад боиси ҷоришавии мӯди нав - абадӣ шудани мӯҳлати раёсатҷумҳурии раҳбарон дар минтақа шавад.

Оқои Рабимов меафзояд, референдум ва анъанаи тамдиди мӯҳлати президентҳои Осиёи Марказӣ ҳам маҳз аз Қазоқистон оғоз шуда буд, ки баъдан аз он Узбакистону Тоҷикистон ҳам пайравӣ карданд.

Ба гуфтаи ӯ “ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пояҳои мухталифи низоми авторитарӣ боқӣ мемонанд. Дар хотир дорем, вақте аввалин референдум барои тамдид кардани мӯҳлати президентӣ дар миёнаҳои солҳои 1990 дар Қазоқистон баргузор шуд, ин албатта ба вазъ дар Узбакистон таъсир кард. Масалан вақте Назарбоев ин анъанаро шурӯъ карду сари қудрат монд, ин барои сарони дигар кишварҳои минтақа ҷиҳати амали кардани хостҳояшон оғози “хубе” бахшид».

Дар айни замон, гуфт Камолиддин Рабимов, эҳтимолан дар марҳилаи кунунӣ худи Нурсултон Назарбоев пешниҳоди ҳукмронии абадӣ ва бидуни интихоботро қабул накунад, чунки ин кишвар дар баробари як имтиҳони ҷиддии сиёсӣ - раҳбарии давраии САҲА дар соли оянда қарор дорад. То имрӯз танқиди созмонҳои байналмилаливу баъзе давлатҳои аъзои ин созмон аз мутобиқ набудани Остона ба арзишҳои демократӣ, поймолшавии озодии баён ва ҳуқуқи инсон масъалаи мувофиқати ин кишварро ба мақоми раҳбарии як созмони демократии аврупоӣ борҳо зери суол бурдааст.

ПРЕЗИДЕНТҲОИ ИВАЗНОПАЗИР?

Ҳоло ин пешниҳодро дар робита ба президентии якумрӣ, мегӯяд Рабимов, ҳамчун марҳилаи тайёрӣ барои омода ва тағйир додани афкори мардум дар Қазоқистон мешавад арзёбӣ кард. Вай меафзояд, «ман фикр мекунам, Назарбоев соли 2012 ҳам аз сари қудрат нахоҳад рафт. Мо медонем, ки ӯ нияти боз ба муддатҳои тӯлонӣ монданро дорад, ки албатта пайомадҳои чандон хубе надорад».

Аммо оё дар ин замина мавқеи соҳибназарон дар Тоҷикистон чист? Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури сиёсӣ, мегӯяд, андешаи якумрӣ кардани мӯҳлати президентӣ дар Осиёи Миёна чизи нав нест ва баҳсҳо сари ин мавзӯъ ҳанӯз аз замони ба охир расидани нахустин мӯҳлати раёсатҷумҳурии ин кишварҳо шурӯъ шуда буд. Аммо кишварҳои ноустувор ва раисҷумҳурони камтаҷриба он замон аз қадам ниҳодан ба ин роҳ истиҳола мекарданд. Онҳо дар пайи дарёфти роҳҳои беҳтаре шуданд, ки нахустинаш тамдид кардани муҳлати сарварӣ ва тағйир додани қонунҳои асосии кившар буд, гуфт ӯ.

Ҳоло, бо оғози ин гуна талошҳо аз ҷониби Қазоқистон, ба андешаи Парвиз Муллоҷонов, аз эҳтимол дур нест, ки кишварҳои дигари минтақа ҳам дар фикри амалисозии идеяи президентии умрбодӣ шаванд.

Аз миёни панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ раҳбарони чаҳор давлат бо вуҷуди баргузории интихоботҳо ба мӯҳлатҳои аз 15 то 20 сол бетағйир сари қудрат боқӣ мондаанд: Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев имсол, ба қавле, «ҷашн»-и 20-солагии раҳбарии худро таҷлил карданд ва Эмомалӣ Раҳмон инак 17 сол мешавад президенти Тоҷикистон аст.

Президенти собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов худро ошкоро президенти якумрӣ эълон карда тавонист 22 сол, то охирин лаҳзаи ҳаёташ сари қудрат бимонад ва раҳбари кишвари газу нафтхези ӯ ба яке аз дастпарваронаш гузашт. Ва Аскар Оқоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон, низ баъди 15 соли раҳбариаш зӯран, аз роҳи инқилоби мардумӣ ва таҳти фишори мухолифин маҷбур шуд аз мақомаш канор равад.

МЕРОСИ ШӮРАВӢ

Нуралӣ Давлат коршиноси тоҷик мегӯяд, кӯшишу хоҳиши умрбод сари қудрат мондани президентҳои Осиёи Марказӣ мероси замони шӯравӣ аст. Фарҳанги истеъфо рафтани раҳбарон дар давоми мӯҳлати муайян аслан хоси низоми коммунистӣ набуд. Вай меафзояд, «онҳо ҳама як хел ҳастанд, бо ҳар роҳ мехоҳанд то замоне, ки зинда ҳастанд сари қудрат бимонанд ва мо дар хотир дорем, ки дар ҳизби комунистӣ иттиҳоди шӯравӣ ҳаст, ки котибони генералии ҳизби комунист дар кишварҳои итиҳодӣ шӯравӣ истеъфо намерафтанд».

Кӯшишу хоҳиши умрбод сари қудрат мондани президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мероси замони шӯравӣ аст ...
Аз назари аксар таҳлилгарон, бо вуҷуди шиорҳову қонунҳои демократии ин кишварҳо аммо рукнҳои аслии низоми демократия ҳанӯз дар устухонҳои раҳбарони ин кишварҳо ҷо нашудааст: интихоботи президентӣ дар чашми ин раҳбарон онгуна нест, ки дар давлатҳои пешрафтаи демократӣ аст ва аксари онҳо фикр мекунанд, ки ҳар гоҳ ва мувофиқи хости худ метавонанд ба қонунҳои тағйирот дароварда ба худ мутобиқ созанд.

Камолиддин Рабимов мегӯяд, эҳсоси вай ин аст, ки ин низомҳо ба ин шакл солиёни зиёди дигар амал хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ барои сохтани як ҷомеаи демократӣ ва пешрафта пеш аз ҳама мардуми ин кишварҳо бояд зарурати тағйиротро эҳсос ва мушкилоти зиёдро пушти сар кунанд, то як давлати воқеан ҳам мардумсолор бисозанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG