Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти яке аз раҳбарони "Толибон" дар водии Свот


Дар шимолу ғарби Покистон Шермуҳаммад Қасоб, яке аз раҳбарони ҷунбиши «Толибон», боздошт шуд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи кишвар, Қасоб дар як амалиёти вижа маҷрӯҳ шуд ва асир уфтод. Мақомоти Покистон барои боздошти ин фармондеҳ беш аз 120 ҳазор доллар ҷоиза муқарар карда буданд.
Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои ифротгаро дар водии Свот, ки моҳи апрел шуда буд, ба иттилоъи таъйиднашуда беш аз 2 ҳазор мусаллаҳони мухолифи ҳукумат кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG