Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти нокоми Митчел ва Нетаняҳу


Ҷорҷ Митчел, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна, дар музокирот бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба бознигарии мавқеъи Тел-Авив дар мавриди густариши маҳаллаҳои яҳудинишин дар Каронаи бохтарии руди Урдун муваффақ нашуд. Мулоқоти навбатии Митчел ва Нетаняҳу рӯзи ҷумъа дар Байтулмуқаддас доир мешавад. То ин рӯз фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико аз кишварҳои арабии ҳамсоя дидан мекунад.
Вошингтон дар Исроил даъват кардааст, ки бунёди манзилҳои нав дар Каронаи бохтарии руди Урдунро мутаваққиф кунад ва ба ин васила ба эҳёи музокироти сулҳ бо фаластиниҳо мусоидат намояд. Ва аммо Тел-Авив дар посух мегӯяд, ки бунёди хонаҳои нав дар қаламрави ишғолӣ бо афзоиши аҳолӣ дар маҳаллаҳои яҳудинишин бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG