Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз натоиҷи интихоботи Афғонистон эълон мешавад


Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон изҳор намуд, ки имрӯз натоиҷи пешакии интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 20 августро эълон хоҳад кард. Тибқи иттилоъи ду рӯзи пеш, баъди баршумурдани 95 дар сади баргаҳои раъй раҳбари феълии кишвар Ҳомид Карзай бо дарёфти 54 дар сади оро пешсаф аст. Рақиби аслии ӯ - собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон доктор Абдулло Абдулло изҳор намуд, ки далелҳои зиёди тақаллубу қоннушиканиҳо дар ин маъракаи сиёсӣ ошкор шудааст.
Имрӯз нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон ҳам изҳор намуданд, ки дар маҷмӯъ яку ним миллион раъйҳо «шубҳабарангезанд» ва ин тақрибан 15 дар сади теъдоди умумии афроди соҳиби ҳаққи раъйро ташкил медиҳад. Аз ин пеш Комиссиюни баррасии арзу шикоятҳо, ки таҳти сарпарастии СММ фаъолият мекунад, эълом дошт, бояд баргаҳои раьй дар 51 қитьаи интихоботии вилояти Қандаҳор, 27 қитьаи вилояти Ғазнӣ ва 5 қитьаи вилояти Пактиё бекор карда шаванд. Дар ин вилоёт Ҳомиди Карзай аз пуштибонии зиёд бархурдор аст.
XS
SM
MD
LG