Пайвандҳои дастрасӣ

Се санадро доданд, дутояшро не


Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дархости роҳбарияти Донишкадаи инноватсионӣ ва коммуникатсияро дар мавриди таъмин намудани ҷониби даъвогар бо нусхаи фармони вазири маориф оид ба қатъ кардани фаъолияти ин муассиса қисман қонеъ гардонид.

Донишкадаи мазкур аз додгоҳ хоста буд, то ба онҳо барои дастрас намудани панҷ санади далели шайъӣ мусоидат кунад. Санадҳои дархостшуда инҳо будаанд:

- фармони вазири маориф дар бораи санҷиши фаъолияти донишкада,
- фармони вазири маориф дар бораи таъин кардани раиси гурӯҳи кории тафтишотӣ,
- протоколи натиҷаи санҷиши гурӯҳи кори оид ба натиҷаи фаъолияти донишкада, -мактуби вазорати маориф ба номи раисҷумҳур дар мавриди баста шудани Донишкада,
- ва хулосаи натиҷаи гуруҳии кории тафтишотӣ.
Додгоҳ се санади аввалиро ба ҷониби даъвогарон ҳал кард, вале даъвои онҳоро дар мавриди боз ду санади муҳими дигар, яъне, нусхаи мактуби вазорати маориф ба номи раисҷумҳур дар мавриди баста шудани Донишкада ва хулосаи натиҷаи гурӯҳи кории тафтишотиро рад кард. Ҳамакнун, ба гуфти қозии додгоҳ Исмоилбек Мирмахсумов, даъвогарон то 18-уми сентябри соли ҷорӣ имконият доранд, ки ба раиси додгоҳ нисбат ба ин ҳукм шикоят баранд.

Фарҳод Раҳимов, намояндаи Вазорати маориф дар додгоҳ, гуфт, асноде, ки даъвогарон аз вазорат тавассути додгоҳ талаб мекунанд, дар салоҳияти ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад ва даъвогарон бояд ба он ҷо муроҷиат кунанд. Фарҳод Раҳимов мутмаин аст, ки донишкадаи мазкур берун аз чаҳорчӯби қонунгузории маорифи Тоҷикистон фаъолият кардааст ва бояд ҳатман баста шавад. Ба гуфти ӯ, бояд донишҷӯёни ин даргоҳ аз ҳоли ҳозир фикри идомаи таҳсил ва эътироф шудани номаи камолашон аз тарафи вазоратро кунанд.

Намояндаи Донишкадаи инноватсия ва коммуникатсия Муҳаммадалии Нуралӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест. Вай гуфт, аз рӯзи аввали мурофиа то имрӯз бо ин парванда се додгоҳ машғул шудааст, вале ҳеҷ як аз онҳо натавонистааст, ки мустақилияти касбии хешро нишон диҳанд. Оқои Нуралӣ гуфт, сарфи назар аз он ки ҳар муассисаи таълимӣ баъди гирифтани муҷаввиз ҳаққи фаъолиятро дорад, вазорат бо сӯиистифода аз мавқеаш мехоҳад донишкадаро барҳам занад.

Дар ҳоле ки баҳси мурофиавӣ то ҳанӯз идома дорад, дар Донишкадаи инноватсия ва коммуникатсияи машғулиятҳо оғоз шуда, донишҷӯён ба дарс ҳозир мешаванд. Дар сӯҳбат бо муҳассилон маълум шуд, ки онҳо дар бораи баҳсҳои додгоҳӣ огаҳ ҳастанд ва аз ояндаи донишҷӯии хеш ҷиддан нигаронад, чунки аксари онҳо бо пардохти маблағи таҳсил ба ин ҷо дохил шудаанд.

Вазорати маориф моҳи июли соли ҷорӣ фармони баста шудани донишкада ва манъи қабули ҳуҷҷатҳоро барои соли таҳсили 2009-2010 содир кард, аммо сарфи назар аз ин, раҳбарияти ин мактаби олӣ имсол беш аз 400 нафар донишҷӯи навро қабул кардааст. Дар умум, теъдоди донишҷӯёни ин ҷо беш аз 1500 нафар аст. Қиммати таҳсил дар ин донишкада нисбат ба дигар мактабҳои олии Тоҷикистон арзонтар будааст. Дар ин мактаби олӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зоиров, муовини ӯ Шокирҷон Ҳакимов ва чанд нафари дигар аз чеҳраҳои мухолифи далват дарс медиҳанд.
XS
SM
MD
LG