Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди Исроил як тоҷикро корд задааст


Кормандони милисаи шаҳри Маскав як шаҳрванди Исроилро ҷустуҷӯ доранд, ки як тоҷикистониро маҷрӯҳ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, исроилӣ, донишҷӯи яке аз макотиби олии Маскав, ҳангоми моҷаро дар хобгоҳи воқеъ дар хиёбони Рязан ҳамсабақи тоҷикашро бо корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Донишҷӯ аз Тоҷикистон, ки хабаргузориҳо ному насабашро ҳанӯз мушаххас накардаанд, ба бемористон интиқол дода шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG