Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Будапешт як маҳбуси Гуантанаморо мепазирад


Маҷористон барои қабули як маҳбуси пойгоҳи низомии ИМА дар Гуантанамо омода аст. Дар ин бора имрӯз сарвазири кишвар Гордон Байнаӣ хабар дод ва афзуд, Будапешт як фаластиниеро мепазирад, ки алайҳи ӯ дар Амрико ягон иттиҳом эълон нашудааст. Байнаӣ ин тасмими кишварашро бо талоши кумак ба ҳукумати Барак Обама барои бастани маҳбаси Гуантанамо марбут кард. Аз ин пеш чанд кишвари дигари узви Иттиҳодияи Аврупо низ омодагии худро барои қабули маҳбусони Гуантанамо эълом доштанд. Айни ҳол дар ин маҳбас тақрибан 220 гумонбари терроризм ба сар мебаранд. Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама қаблан изҳор карда буд, ки то охири моҳи январи соли оянда маҳбас дар пойгоҳи Гуантанаморо мебандад.
XS
SM
MD
LG