Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА интизори посухи возеҳу рушани Теҳрон аст


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА изҳор намуд, ки Эрон дар музокироти қарибулвуқӯъ "бояд ба ҳама масоили марбут ба барномаи ҳастаияш посухи возеҳу рушан диҳад". Ба гуфтаи ӯ, музокироти ҳайати Эрон бо намояндагони шаш кишвар, аз ҷумла, ИМА намоишгари омодагии Теҳрон барои муколама хоҳад буд. Ду рӯз пеш раиси ҳайати Эрон Сайид Ҷалилӣ ва раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана дар мавриди баргузории гуфтушуниди Эрон ва «шашгона» - панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон, дар авоили моҳи октябр, ба мувофиқа расиданд. Дирӯз Солана изҳор намуд, ки музокирот оид ба баҳси барномаи ҳастаии Эрон шояд дар Туркия доир шавад.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз талоши дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ нигарон аст ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG