Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юкио Хатояма сарвазири Ҷопон интихоб шуд


Парлумони Ҷопон раиси Ҳизби демократӣ Юкио Хатоямаро сарвазири кишвар интихоб кард. Ҳизби демократ дар интихоботи ахири парлумонӣ аз болои Ҳизби либерал-демократӣ, ки тақрибан 50 сол раҳбарии кишварро бар ӯҳда дошт, пирӯз шуд. Нозирон пирӯзии демократҳоро бештар бо норизояти мардуми кишвар аз сиёсати ҳукумати сарвазири пешин Таро Асо дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ марбут мекунанд.
XS
SM
MD
LG