Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии маъруфтарин кафшпартои ҷаҳон


Хабарнигори ироқӣ Мунтазир Зайдӣ, ки ба маҳзи дар як нишасти хабарии як соли пеш дар Бағдод ба ҷониби раҳбари вақти Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво додани кафшҳояш маъруфияти байналмилалӣ пайдо кард, баъд аз нӯҳ моҳи маҳбусӣ аз зиндон раҳо шуд.

Бозгашти ӯ ба хона ба таври хеле пуршукӯҳ ва мутантан истиқбол шуд ва дар матбуот низ мавзӯъи раҳоии Мунтазир Зайдӣ аз мавзӯъҳои аввали рӯз буд.

Вақте хабарнигори ироқӣ Мунтазир Зайдӣ дар моҳи декабри соли 2008 дар нишасти хабарии раисиҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш дар Бағдод кафшҳои худро ба сӯи Буш ҳаво дод, ин иқдом дар ҷаҳони Араб таассуроти амиқе ба ҷо гузошт. Ӯро бо ҷурми таҳқири раҳбари давлати хориҷӣ ибтидо ба 3 соли зиндон маҳкум карданд, ки баъдан ба як соли ҳабс иваз шуд ва инак, рӯзи 15 сентябр Зайдӣ, ба гуфтаи хонаводааш, ба далели рафтори хубаш дар маҳбас, пеш аз мӯҳлат, ҳамагӣ баъди 9 моҳи маҳбусӣ озод шуд ва ба ҳалқаи хонаводааш баргашт.

Борони ҳадоё ба ироқии кафшпарто

Тайи моҳҳое ки Зайдӣ дар маҳбас буд, борони тӯҳфаҳо ва ситоиш аз ҷаҳони Араб ба сари ӯ мерехт. Бино ба хабарҳо, манзили нави чорҳуҷраии истиқоматиро барои Зайдӣ корфармои собиқаш – телевизиони ал-Бағдодия, ки мақараш дар Қоҳираи Миср аст, бино кардааст. Барои Мунтазир Зайдӣ ҳамин тавр мошини варзишӣ ва бимаи тиббӣ низ пешниҳод кардаанд.

Аз қавли раҳбари дафтари телевизиони ал-Бағдодия дар Қоҳира Абдулҳамид ал-Сайиҳ гуфта мешавад, ки ҳатто як ироқии муқими Марокаш ба Зайдӣ духтарашро барои издивоҷ пешниҳод кардааст. Як нафари дигар аз Арабистони Саудӣ дар ивази кафшҳои таърихии Зайдӣ 10 миллион доллар додан мехост, вале мақомот, ки гумон доштанд, дар ин кафшҳо шояд маводи мунфаҷираро ҷо карда бошанд, дар ҷараёни тафтишот пойафзоли Зайдиро ба истилоҳ “титу пит” карданд.

Як тани дигар ба ин хабарнигори кафшандоз асперо бо зини тилоӣ пешниҳод карда ва кормандони телевизиони ал-Бағдодия мегӯянд, занони зиёде ба онҳо дар тамос шуда ва гуфтаанд, ки мехоҳанд бо Зайдӣ издивоҷ кунанд. Дар сатҳи давлатӣ, раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ба Мунтазир Зайдӣ ҷоизаи олии ин кишварро эъто кард.

Партоби кафш ба оварандаи озодӣ?

Ҷорҷ Буш, ки аз он ҳамлаи кафшӣ тавонист беосеб берун биояд, баъдан талош кард, қазияро зиёд доман назананд. Ӯ мегуфт, ки дар шароити демократӣ чунин рӯйдодҳо хоҳ–нохоҳ иттифоқ мефтанд.

Дақиқан дар аҳди раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусейн чунин иқдом пайомадҳои хеле сахтеро барои кафшандоз метавонист ба дунбол дошта бошад.

Мунтазир Зайдӣ ба хотири изҳори эътирози худ ва он ҳам бо чунин шеваи шадид дуруст аз меваҳои озодии баёне истифода бурд, ки дар Ироқ бо шарофати эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико ҷорӣ шудааст.

Рӯзи 14 декабри соли 2008, дар он лаҳзаи ҳассос ва барои ояндаи Зайдӣ чунин сарнавиштсоз, замоне ки ӯ кафшҳояшро ба сӯи Ҷорҷ Буш меандохт, ӯ аз ҷумла гуфт:
“Ин тӯҳфа аз номи мардуми Ироқ аст. Ин бӯсаи хайрбодист, эй саг! Ин аз номи беваву ятиммондаҳо ва аз номи онҳоест, ки дар Ироқ кушта шуданд!”

Василаи нави эътироз

Баъд аз он ҳодиса кафшандозӣ дигар дар ҷаҳон ба як василаи роиҷи изҳори эътироз табдил ёфт. Дар моҳи феврали соли равон сарвазири Чин Вен Ҷибао зимни суханрониаш дар донишгоҳи Кембриҷи Бритониё ҳадафи чунин ҳамла қарор гирифт, вале кафш ин бор ҳам ба нишон нарасид. Аммо ин иқдоми эътирозии донишҷӯи олмонӣ Мартин Янка натавонист маъруфиятеро, ки эътирози Зайдӣ ба бор овард, ба даст биорад.

Дар моҳи март аз Эрон хабар омад, ки як нафар дар шаҳри Урмия кафшашро алайҳи корвони ҳомили раиси он ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ҳаво додааст.

Аммо мавриди қадимтари кафшандозӣ аз 6 соли пеш ва марбут ба сармураббии шӯҳратёри тими низ шӯҳратёри “Манчестер Юнайтед” сэр Алекс Фергюссон аст, ки бо чунин шева нороҳатии худро аз тарзи бозии футболбози маъруф Девид Бекҳем бармало карда буд. Девид Бекҳем, ки аз ноҳияи қошаш захм бардошт, баъди чанде Манчестерро ба қасди “Реал”-и Мадрид тарк гуфт.

Аммо боз ҳам танҳо Зайдист, ки тавонист кафшҳои оддиашро ба як предмети барҷастаи сиёсат табдил диҳад ва аз як кафшандозӣ барои худ нордбоне чунин баланд ба сӯи шӯҳрати олам дуруст кунад.
XS
SM
MD
LG