Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси эъзоми нирӯи бештар ба Афғонистон


Мушовири аршади раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар умури низомӣ гуфт, ба манзури набарди қавитар алайҳи Толибон дар Афғонистон шояд нирӯи бештар лозим шавад. Адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико, ба Конгресс гуфт, ҷанг дар Афғонистон ҳарчӣ мураккабтар ва душман пурмакртар мешавад. Аммо вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дирӯз ба хабарнигорон гуфт, маъмурияти Амрико шояд “як муддат” рӯи эъзоми нирӯи изофӣ бар иловаи барномаи эъзоми 21 000 сарбоз ба Афғонистон, ки Обама тасвиб кардааст, наяндешад.
XS
SM
MD
LG