Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири НАТО хостори муколама бо Русия шуд


Дабири кулли паймони НАТО ба хотири рафъи танишҳои амниятӣ дар Аврупо ва муқобила бо таҳдидҳои умумӣ хостори “як муколамаи фарогир ва бесобиқа” бо Русия шуд. Андерс фог Расмуссен дар сӯҳбат бо нашрияи бритониёии “Financial Times” гуфт, ки мехоҳад мақомоти аршадеро ба хотири шунидани дидгоҳҳои Русия дар бораи роҳҳои рушди дарозмуддати НАТО ба Маскав бифиристад. Ӯ афзуд, ки барои баҳси пешниҳоди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар мавриди сохтори нави амнияти Аврупо омода ҳаст. Расмуссен аммо афзуд, ки ихтилофи назар байни НАТО ва Русия боқӣ мемонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG