Пайвандҳои дастрасӣ

Стротежии нави иктишофии Амрико нашр шуд


Арзёбии нави иктишофие, ки дирӯз дар Амрико нашр шуд, барномаи ҳастаии Эрон, “рафтори ғайриқобилипешгӯӣ”-и Кореяи шимолӣ ва террористонро дар раъси чолишҳои амниятие овардааст, ки Амрико ба он рӯбарӯст.
Стротежии миллии иктишофии имсола самтҳои асосии фаъолияти ниҳодҳои иктишофии Амрикоро барои 4 соли оянда таъйин мекунад. Гузориш мегӯяд, ки Русияву Чин як чолиш барои Амрико боқӣ мемонанд, вале Эрон аст, ки “ба маҳзи барномаҳои ҳастаиву мушакӣ ва пуштибониаш аз терроризму таъмини душманони Амрикову муттаҳидинаш” чолишҳои бештарро барои аҳдофи амниятии Амрико эҷод мекунад.
XS
SM
MD
LG