Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ереван истиқрори равобит бо Туркияро баҳс мекунад


Арманистон дар ин ҳафта музокироти сиёсӣ роҷеъ ба истиқрори равобит бо Туркияро шурӯъ мекунад. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли Самвел Фармониён, сухангӯи раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён, навишт, ки Саркисиён ин масъаларо рӯзи панҷшанбе бо раҳбарони сиёсии кишвараш дар миён хоҳад гузошт.
Дар моҳи август Ереван ва Анкара бар сари роҳҳои истиқрори равобити дипломатӣ ва гушоиши марзҳои бастаи байни Арманистону Туркия тавофуқ карданд.
XS
SM
MD
LG