Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИА мехоҳад анҷумани Афғонистон дар Кобул гузарад


Вазири умури хориҷии Шветсия гуфт, ИА умедвор аст, ки анҷумани байналмилалии барномарезишуда роҷеъ ба Афғонистон дар пойтахти он кишвар, шаҳри Кобул доир шавад.
Қаблан Бритониё ва Фаронсаву Олмон пешниҳодҳои худро дар мавриди ин анҷуман ироа карданд, ки фарогири фишори бештар ба давлати Афғонистон аст, ки дар қиболи он кишвар масъулияти бештаре бар дӯш бигирад. Карл Билдт, ки кишвараш раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад, баъд аз баҳси масъала бо ҳамтоёнаш аз ИА дар Брюссел дар бораи макони эҳтимолии баргузории анҷумани Афғонистон сӯҳбат кардааст.
XS
SM
MD
LG