Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Адмирал Муллен ҷонибдори эъзоми нирӯи бештар аст


Адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико гуфтааст, ба хотири пирӯзӣ дар ҷанги Афғонистон ғолибан теъдоди бештари нирӯҳои Амрико лозим хоҳад шуд. Адмирал Муллен, ки барои бори дуввум номзад ба мушовири аршади раисиҷумҳури Амрико дар умури низомӣ пешбарӣ шудааст, дар кумитаи хадамоти мусаллаҳи Сенат гуфт, талоши муқобила бо чирикиҳои толиб дақиқан “эҳтимоли эъзоми нирӯи бештарро дар назар дорад.” Амрико феълан дар Афғонистон ҳудуди 65 000 сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG