Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии сангин дар вилояти Қандаҳор


Нирӯҳои хориҷиву маҳаллӣ дар ҷараёни даргириҳо ва ҳамлаҳои ҳавоии ахир дар вилояти Қандаҳори Афғонистон 27 ҷангии толибро ба ҳалокат расондаанд. Муовини раҳбари пулиси Қандаҳор Муҳаммад Шоҳхон гуфт, набардҳо дар улусволии Зиҳирӣ дар ҷараёни аз ин минтақа рӯфтани паноҳгоҳҳои ҷангиён рух додааст. Сухангӯи Толибон Қориюсуф Аҳмадӣ гуфтааст, дар ин задухӯрдҳо 4 ҷангӣ ва 5 ғайринизомӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG