Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев дар интихоботи оянда ширкат ҷустанӣ нест


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дирӯз гуфт, дар интихоботи оянда ба хотири дарёфти давраи дуввуми раёсат вориди мубориза шуданӣ нест. Медведев, ки дар иҷлоси гурӯҳи мубоҳисотии Валдай сухан меронд, гуфт, дар интихоботи соли 2012 “қасди мубориза барои давраи дуввуми раёсатҷумҳуриро дар сар надорад, вале чизеро сарфи назар намекунад.” Медведев, бино ба хабарҳо, ҳамчунин аз Амрико интиқод кардааст, ки ба азми Русия барои пайвастан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат мамониат мекунад. Раисиҷумҳури Русия ба масъалаи Эрон низ пардохта, гуфтааст, ки ӯ имкони эъмоли таҳримоти тоза алайҳи Теҳронро ба маҳзи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш истисно намекунад.
XS
SM
MD
LG