Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳоии хабарнигори "кафшандоз" аз зиндони Ироқ


Хабарнигори ироқӣ Мунтазир Зайдӣ, ки бо ҷурми ба рӯи президенти вақти Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво додани кафшҳояш зиндонӣ шуда буд, дирӯз баъд аз 9 моҳи маҳбусӣ ба озодӣ баромад. Зайдӣ баъд аз раҳоияш гуфт, ки дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Зайдӣ ибтидо ба 3 соли зиндон маҳкум шуд, вале баъдан ҳукми ӯро ба 1 сол оварданд.
Зайдӣ дирӯз гуфт, ки ӯ ба нишони эътироз ба “ишғол”-и Ироқ аз сӯи Амрико чунин иқдом кардааст. Қазияи кафшҳо ин хабарнигори қаблан ношинохтаро дар ҷаҳон, бахусус дар ҷаҳони Араб хеле маъруф кард.
XS
SM
MD
LG