Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 мавриди худкушӣ дар Суғд дар моҳи август


Тайи фақат як моҳи август дар вилояти Суғд 22 мавриди худкушӣ сабт шудааст. Мақомоти умури дохилаи вилоят мегӯянд, тайи 8 моҳи соли равон дар шимоли Тоҷикистон 184 чунин мавриди даст ба ҷони худ задани афрод сабт шуда, вазъи ногувори иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои хонаводаӣ ҳамчунон аз иллатҳои аслии афзоиши худкушӣ дар вилоят боқӣ мемонанд.
Хабаргузории “Азия Плюс” мегӯяд, аммо то кунун дар иртикоби ин ҳама мавридҳои худкушӣ танҳо 9 парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани афрод боз шудааст.
XS
SM
MD
LG