Пайвандҳои дастрасӣ

Мусавӣ дар раҳпаймоӣ ширкат мекунад


Мирҳусейн Мусавӣ-раҳбари мухолифони Эрон, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро дар моҳи июн ба Маҳмуди Аҳмадинежод бохт, мегӯяд, ки вай рӯзи ҷумъа дар раҳпаймоии солонаи ҷонибдорони фаластиниёни Қудс ширкат хоҳад кард. Ин эълон имрӯз дар сомонаи Мусавӣ ба нашр расид. Мусавӣ дуввумин раҳбари мухолифони Эрон аст, ки омодагии худро барои ширкат дар ин раҳпаймоӣ эълон мекунад. Қаблан Меҳдии Каррубӣ низ аз ҷонибдоронаш хост, ки дар ин раҳпаймоӣ ширкат ҷӯянд. Аз 9-ӯми июли соли ҷорӣ ба ин сӯ, ин раҳпаймоӣ нахустин тазоҳуроти пурҷамъият хоҳад буд. 9-ӯми июл ҳазорон нафар даст ба раҳпаймоӣ заданд ва солгарди тазоҳуроти хунини соли 1999-и донишҷӯёнро баргузор карданд.
XS
SM
MD
LG