Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 соли кори Комиссиюни оштии миллӣ


Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон, ки ба пиёдасозии созишномаи сулҳ таъсис шуда буд, 12 сол пеш дар чунин рӯзе дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Дар ин комиссюн ҳар ду ҷониби давлат ва мухолифин 13 нафари намоянда доштанд. Раёсати ин комиссиюнро тибқи тавофуқот Сайид Абдулоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ, бар ӯҳда дошт ва танҳо муовини ӯ - Абдумаҷид Достиев аз ҷониби ҳукумат ва муовини раиси Маҷлиси Олӣ буд. Қарор буд, КОМ дар зарфи 18 моҳ кори худро ба сомон бирасонад, вале воқеият нишон дод, ки таъмини сулҳ баъди панҷ соли ҷанг кори соддае нест ва фурсати бештаре мехоҳад.

Аз ин ҷо буд, ки замони фаъолияти КОМ тамдид шуд. Таҳияи тарҳи ислоҳоти Қонуни асосӣ, Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ, назорат ва иҷрои барномаи ҳамоиши нерӯҳои мухолифин бо давлат, ё ба истилоҳ, протоколи низомӣ, таҳияи қонуни афв ва муаррифии номзадҳо барои ишғоли вазифаҳо тибқи саҳмияи сидарсада аз натиҷаҳои кори ин комиссиюн буд.

Аммо боз ҳам ко куҷо таваққуотеро, ки вуҷуд дошт, ин комиссиюн бароварда кард?

РИСОЛАТИ КОМИССИЮНИ ОШТИИ МИЛЛӢ

Иброҳим Усмон, устоди донишгоҳ, ки узви фаъоли КОМ ва он замон раиси кумитаи Маҷлиси Олӣ ва баъдан мушовири раисиҷумҳур ҳам буд, мегӯяд, ин комиссиюн ҳамаи вазифаҳои оинномаи худро иҷро кард.

Иброҳими Усмон, устоди донишгоҳ ва узви КОМ, мегӯяд, Комиссиюни оштии милли аз нуқтаи назари ислоҳоти ҳукумат ва татбиқи ҳамдигарбахшӣ рисолати худро пурра иҷро кард
Оғои Усмонов меафзояд, «рисолати он ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои гузаронидани интихобот буд. Интихоботе, ки тарафҳо дар он иштирок кунанд. Ва ба ин мақсад имкон фароҳам кардан барои иштироки мухолифон дар ҳукумат, яъне ислоҳоти ҳукумат ва таҳияи қонунҳои интихобот ва Қонуни асосӣ ва татбиқи ҳамдигарбахшӣ. Агар аз ҳамин нуқтаи назар наздик шавем, КОМ рисолати худро пурра иҷро кард. Зеро қонунҳо таҳия ва қабул ва интихобот баргузор шуд ва ислоҳоти сифоиза ҳам ба шакле баргузор шуд. Аммо агар манзур баргузор кардани ислоҳот дар ҳамаи бахшҳои Тоҷикистон бошад, чунин нашуд».

Аммо Ҷалолиддин Маҳмудов, ҳамраиси Комиссиюни муштараки назорат бар оташбас аз сӯи мухолифин, ки баъдан ба гурӯҳи кори КОМ табдил шуд, мегӯяд, фикр намекунад ҳамаи таваққуоте, ки аз ин комиссиюн вуҷуд дошт, бароварда шуда бошад.

Оғои Маҳмудов мегӯяд, «аъзои КОМ аз тарафи ҳукумат бо кӯмаки ҳукумат, талош кардан ҳама мавзуъҳои мавриди назари худро ҳал карданд, вале он чӣ ки орзуву омоли мухолифон буд, ҳамааш ҷомаи амал напӯшид. Сифоиза татбиқ нашуд, вазоратҳои қаблан ваъдагӣ дода нашуд, агар якнафар пешниҳод мешу два ба ҳукумат маъқул намеомад, мегуфтанд каси мавриди назари ҳукуматро пешниҳод кунед. Мухолифон медонистанд, ки агар пофишорӣ кунанд, ҳукумат тан хоҳад дод, аммо фурсат аз даст мерафт ва ин ба нафъи кор набуд. Вале аз ҳама муҳим сулҳ таъмин шуд».

Бояд гуфт, Комиссиюни муштараки назорат бар оташбас 7 нафари узв аз сӯи мухолифин ва давлат дошт, ки то таъсиси КОМ муътабартарин ниҳоди муштараки давлат ва мухолифин маҳсуб мешуд. Ҷалолиддин Маҳмудов аз соли 1994 аввал узв ва баъдан ҳамраиси ин камисюн буд. Раёсати ин комиссиюнро аз сӯи давлат Зафар Икромов, мушовири амнияти раисиҷумҳур, ба ӯҳда дошт.

Ҳадаф сулҳ ва бозгардонидани муҳоҷирин ба ватан буд. Вазифа ва мансаб ҳадаф набуд. Барои ҳамин ба касе вазифа нарасид, ба касе вазифа додаанд ва зуд аз ӯ гирифта шуд, як шахс ин ҷо зиён карда, аммо сулҳ пойдор шуд. Ин ҳадаф буд ...
Аммо бархе таҳлилгарон ҳам мегӯянд, рисолати аслии КОМ бозовардани сулҳ буд, ки ба он даст ёфт. Ин таҳлилгарон мегӯяд, тақсими мансабҳо ва додани сӣ дарсади вазифаҳои давлатӣ ба мухолифин ба манзури таъмин сулҳ бояд амалӣ мешуд. Ва аз ин нуктаи назар ин комиссиюн кореро ки дар тавон ва ихтиёр дошт анҷом дод, ки сулҳро ба таври бебозгашт таъмин кард.

Абуғаффори Камол, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, «додани вазифа ба намояндагони мухолифин ба манзури эътимодсозӣ ва поён бахшидан ба ҷанг буд. Ҳадаф сулҳ ва бозгардонидани муҳоҷирон ба ватан буд. Вазифа ва мансаб ҳадаф набуд. Барои ҳамин ба касе вазифа нарасид, ба касе вазифа додаанд ва зуд аз ӯ гирифта шуд, як шахс ин ҷо зиён карда, аммо сулҳ пойдор шуд. Ин ҳадаф буд».

Бале, КОМ оташбаси ҷангро ба сулҳи бебозгашт табдил кард. Мухолифони собиқ мегӯянд, сулҳи Тоҷикистон танҳо ба думболи азхудгузаштагии ҷонибҳо, хосса тарафи мухолифин, ки ба манзури сулҳ аз хостаҳои умдаи худ сарфи назаро карданд, мумкин шудааст.

ВОҚЕИЯТ ПАС АЗ 12 СОЛ

Аммо бо вуҷуди ин сулҳ ва азхудгузаштагиҳо ҳамоно адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа татбиқ нашудаааст. Ва бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, як вазифаи КОМ бояд расидагӣ ба омилҳои ҷанг ва таъмини барномаи иҷтимоӣ мебуд. Дар ҳоле, ки чунин нашуд ва бо гузашти 12 сол аз имзои қарордоди сулҳ мардум ба ниёзмандиҳои худ ва умедвориашон аз сулҳ посухи комилро нагирифтаанд.

Комиссиюни оштии миллӣ панҷ дарсад ҳам вазифаи худро иҷро накард. Имрӯз адолат таъмин нест, на адолати иҷтимоӣ ва на адолатҳои дигар. Фақат яроқро ба замин монданд ва ҷанг тамом шуд. Вале адоват боқист ...
Амнияти Абдулназар, муовини раиси ҲСДТ, дар ин маврид мегӯяд, «КОМ панҷ дарсад ҳам вазифаи худро иҷро накард. Имрӯз адолат таъмин нест, на адолати иҷтимоӣ ва на адолатҳои дигар. Фақат яроқро ба замин монданд ва ҷанг тамом шуд. Вале адоват боқист».

Воқеият ин аст, ки баъди хатми кори КОМ Тоҷикистон борҳои шоҳиди таҳаввулот ва чолишҳои амниятие шуд ва суботи кишвар дар марзи хушунат қарор гирифт. Охирин намунаи онро дар ду моҳи пеш дар шарқи Тоҷикистон доштем, ки бар асри он Мирзо Зиёев, фармондеҳи кули нерӯҳои мухолифини собиқ, кушта шуд.

Ба ин далел, мегӯянд таҳлилгарон, масоили фаровоне дигар вуҷуд дошт, ки КОМ метавонист дар ҳалли онҳо саҳм бигирад. Аҳмадшоҳ Комилзода, ки дар ду соли охири фаъолияти КОМ сухангӯи ин ниҳод буд, мегӯяд, ба сулҳ овардани ҷанге, ки панҷ сол идома кард, дар зарфи якуним соли таъиншуда кори амалан номумкин буд. Ӯ мегӯяд, иштибоҳ замоне сар зад, ки музокирот рӯи барои таъсиси ин камисюн идома дошт ва низомномаи фаъолияти он баҳс мешуд.

Оғои Комилзода меафзояд, «мушкилиҳои фаровоне баъди мунҳал шудани кори КОМ ба миён омад, ки агар ин ниҳод ё як ниҳоди дигаре ба он монанд мебуд метавонист ба ин масъалаҳо расидагӣ кунад. Ин иштибоҳ буд, ки барои кори КОМ замон муайян карданд. Ва он ҳам якуним сол, ки баъд каме тамдид шуд. Аммо бубинед, бо гузашти 12 сол мушкилот боқист. Ин як амри табиист, ки намешавад як низои панҷсоларо як ду ё се сол хатм ва пушти сар кард».

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар маросими мунҳал эълон кардани КОМ гуфта буд, ки ниҳоде дигар дар сатҳи дастгоҳи мушовири раисиҷумҳур бояд кори ин комиссиюнро идома бидиҳад. Аммо мақомот кори сулҳро хатмшуда медонистанд.

Муҳиддин Кабирӣ, узви КОМ ва раиси ҲНИТ, бар ин назар аст, ки аз потенсиали аъзои КОМ, ки таҷрибаи зиёд доранд, истифода намешавад
Муҳиддин Кабирӣ, узви КОМ ва раиси ҲНИТ кори анҷомдодаи КОМ як нодиракорӣ дар таърихи сулҳофарӣ ҷаҳон медонад, вале мегӯяд, «дар рӯзҳои поёнии кори КОМ дигар агарчи фаъолияти он қатъ нашуда буд, ёдам ҳаст, ки телефонҳо хомӯш шуданд, мошинҳо дигар намегаштанд. Ва касоне барои ҳарчи зудтар қатъ шудани кори КОМ манфиатдор буданд. Ба назари кори КОМ ба шакли дигар бояд идома мекард. Дигар ин ки аз потенсиали аъзои КОМ, ки таҷрибаи зиёде ҳосил карда буданд, истифода намешавад».

Ба ҳамин тартиб, сулҳи деринтизор омад, амният низ таъмин шуд, аммо ниёзмандиҳои иҷтимоӣ бо гузашти 12 сол ҳамчунон интизори посуханд. Агар аз равзанаи ҳикмати юнонӣ, ки мегӯяд «мутаваққиф кардани ҷанг ҳанӯз сулҳ нест, таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа сулҳ аст», берун биёем, ба сулҳи тоҷикон чӣ таърифе хоҳем дод?
XS
SM
MD
LG