Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев дар интихоботи соли 2012 ширкат меҷӯяд?


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, вай инкор намекунад, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 номзадии худро пешниҳод мекунад. Вай зимни суханони худ дар мунозироти гурӯҳи Валдай-гурӯҳи коршиносони рус дар Маскав гуфт, "замоне ман ҳеҷ омодагӣ барои ширкат дар мусобиқоти раёсати ҷумҳурӣ надоштам, вале... ҳоло ҳеҷ чизро рад намекунам". Хабаргузориҳои Русия аз қавли Медведев ҳамчунин гуфтаанд, Медведев аз Амрико интиқод кардааст, ки ин кишвар аз вуруди Русия ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҷонибдорӣ намекунад.
XS
SM
MD
LG