Пайвандҳои дастрасӣ

Дар осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзоди шаҳри Душанбе намоишгоҳе бо номи "Нахҳои заррини абрешими тоҷик" ифтитоҳ ёфт.

Беш аз 150 намуд атласи қадима, адрасу шоҳӣ, алоча, либоси занонаю мардонаи қарни 19, ҷойнамозу сӯзанӣ, зардӯзиву рӯймол, беқасаб барои нахустин бор дар чандин соли охир ба маърази тамошо гузошта шудааст.

ДАСТБОФТИ УСТОДОНИ КУҲАН

Ин намоиш бо кӯмаки молии барномаи “Фарҳанг ва ҳунар”-и Институти “Ҷомеаи боз”, як созмони ҷамъиятӣ бо исми Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии санъатшиносӣ фароҳам омадааст.

Наим Ҳакимов, яке аз масъулони пажӯҳишгоҳи мазкур мегӯяд, ки дар ин намоишгоҳ намунаҳо аз осори ҳунарии шоҳиву атласбофони тоҷик аз асри 19 сар карда то имрӯз ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳамроҳи ҳамсараш хонум Норӣ Ҳакимова, раҳбари пажӯҳишгоҳ, сар аз соли 2000-ум ба ҷамъоварии ин матоъҳои қадимиву сарулибоси анъанавии тоҷикон, гоҳо хона ба хонаи мардум гашта, машғул шудааст.

Наим Ҳакимов гуфт: “Мо ҳаракат кардем, ки ҳамон устодони кӯҳан ва хонаводаҳои онҳоро ёбем. Бобои модарии ман атласбоф буданд ва ман қисмати бештари ин маводро аз матову либосҳои аз онҳо монда гирифтам. Ин ҳунари авлодӣ, ки буд, бештар аз 400 намуд атласро, масалан, аз бисоти хешу табор, аз мардум ҷамъоварӣ кардему дигар атласҳоро аз бозор харидем.”



ОСОРХОНАИ МАТОЪ

Куллан дар осорхонаи хонаводаи Ҳакимовҳо, ки дар Хуҷанд бо исми “Ардви-Сура” (марбут ба Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии санъатшиносӣ) маъруф аст, 1200 намуд матову либосҳои қадимаи миллӣ, кори дасти ҳунармандони атласбоф гирдоварӣ шудааст.

Гуландом Набиева, ҳамоҳангсози барномаи “Фарҳанг ва ҳунар”- и Институти “Ҷомеаи боз” мегӯяд, ки намоишгоҳи маҳсулоти абрешимӣ дар Душанбе пеш аз ҳама бо ҳадафи ба насли ҷавон шинос кардани мероси ниёгон ташкил шудааст:

Гуландом мегӯяд: “Ин мероси ниёгон аст. Мақсад ин аст, ки ҷавонон бо чашми худ бинанд, дарк кунанд, шинос шаванд, эҳсос кунанд. Азбаски ҳамаи ин мавод ба шакли пароканда дар осорхонаҳои мухталифи ноҳияиву минтақаӣ гузошта мешаванд, ҳар кас ҳам наметавонад аз Душанбе масалан ба Хуҷанд рафта, бо онҳо шинос шавад.”

РУКУДИ АТЛАС

Муҳаққиқони матои атлас мегӯянд, ки ҳунари шоҳибофӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза – маҳз дар Хуҷанд аз қарнҳои 4-5 милодӣ рушд карда то замони мо омадааст.

Вале бо далелҳои иқтисодӣ ва мушкилоти марбут ба риштаи пиллапарварӣ баъди суқути шӯравӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои шоҳибофии “Хуҷандатлас”-у “Тоҷикатлас” аз кор монданд.

Оқои Ҳакимов мегӯяд, ки ҳоло дар Хуҷанд танҳо як ҳунарманди атласбоф мондааст, ки 80 сол дорад ва мешавад гуфт, ки ҳунари аслии шоҳибофӣ дар қаламрави Тоҷикистон қариб ки пурра аз байн рафтааст.

Наим Ҳакимов афзуд, ки як муддат дар андешаи барқарор кардани ҳунари дастии атласбофӣ шудааст. Вай мегӯяд, навиштаҳои бобояшро оид ба асрори таҳияи рангҳои матои атлас ҳам то имрӯз ҳифз кардааст. Вале баъд аз таҳлилу баррасӣ ба хулосае омад, ки дар шароити мушкили кунунии соҳа ин кор ояндае нахоҳад дошт.

Вай меафзояд: “Мо фикрашро кардем. Ҳатто дастгоҳҳои қадимаро ҳам, ки бо даст атласбофӣ кардан мумкин аст, харидем. Вале мо пилла надорем, барои бофтани он абрешим надорем. Агар дар бозор мешуд, мо он абрешимро мехаридем, аммо абрешими Тоҷикистон бештар ба хориҷа равон карда мешавад ва ба мо ин чизҳо дастрас нест.”

ТАЛОШИ ЭҲЁ

Оқои Ҳакимов мегӯяд, барои барқарор шудани ин соҳа бояд стратегияи қавии рушди саноати атласбофии миллӣ мавҷуд бошад, то ки ҳама шароити ташкили ин корро фаро бигирад. Бидуни кӯмаки давлат ин корро пеш бурдан душвор аст, гуфт вай.

Ҳоло атласи баландсифати дастиро ҳамоно аз шаҳри маъруфи Марғилони водии Фарғонаи Ӯзбакистон ворид мекунанд. Ин макон ҳамеша бо атласҳои дастбофти зебояш, ки қимати гарон дошта, зеби арӯсони ҳама давру замон буданд, маъруф будааст. Атласи сифатан паст бошад солҳои охир аз Чин ворид мешавад.

РАҚОБАТИ ШОҲИИ ЧИН

Ҳакимов мегӯяд: ”100 метр атлас тайёр мекунем, нархи он 3-4 доллар аст. Ба кӯча мебароем, аз Чин атлас меоранд. Атласи онҳо аз моли мо арзонтар, лекин сифаташ паст аст. Онҳо нақшҳои моро нусхабардорӣ карда, дубора ба кишвари мо ворид мекунанд. Ояндаи наздик, ба фикри ман, ин соҳа таназзул меёбад ва рушди он қариб ки номумкин аст. Бозори худро мо пурра ба кишварҳои дигар додем. Бо муаррифии атласҳои ӯзбакӣ гузаронидани иди атласи тоҷикӣ хандаовар аст”.

Наим Ҳакимов гуфт, ки бо ҳамин сабаб ҳам солҳои охир дар Хуҷанд дигар анъанаи барпо кардани иди матои атлас хотима ёфтааст.

Ҳоло бо ташкили як намоишгоҳи хос Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии санъатшиносӣ мехоҳад, дубора хотироти масъулин ва дигар тамошобинонро ба ҳунари қадимаи шоҳибофии миллӣ тоза карда, ба эҳёи ин ришта мусоидат кунад, то ки мисли дигар осори фарҳангиву ҳунарии мардуми тоҷик, адабиёту мусиқӣ ва шаҳрҳо атласи тоҷикӣ ҳам фардо моли дигарон нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG