Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯли Сарез ва хатари он


Кӯли Сарез
Кӯли Сарез

Дар маҷаллаи навбатии илму фанноварӣ масоили мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Конфронcи Кӯли Сарез ва хатари он

Донишмандони тоҷик ва ҳамтоёни хориҷии онҳо дар шаҳри Норак ба баррасии хатароти мавҷуд дар Кӯли Сарез ва роҳҳои коҳиши хатари рахнаи ин кӯл пардохтанд. Дар ин шаҳр конфронси дурӯзаи байналмилалие оғоз шуд, ки дар он коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Афғонистон ҳам ширкат меварзанд. Ба гуфтаи донишмандон, эҳтимоли рахнаи Кӯли Сарез дар Бадахшон, ки ба тадриҷ бузург мешавад вуҷуд дорад. Рахнаи кӯл ба гуфтаи донишмандон ҷони 5 миллион нафар аз сокинони Осиёи Марказиро таҳти хатар хоҳад гузошт.

Дастури раисиҷумҳур барои илму фанноварӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, то лоиҳаи қонун «Дар бораи марказҳои илмиву фанноварӣ» таҳия ва барои баррасии ба ҳукумат пешниҳод шавад. Ҳангоми суханронӣ дар ҳузури донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳои олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостааст, барои олимон ва донишҷӯёне, ки дар арсаҳои истеҳсолӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳанд, шароити мусоиду созгор муҳайё намоянд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон аз он шикоят кардааст, ки на ҳама аз донишгоҳҳои олии ин кишвар бо фанновариҳои навини мухобиротӣ таъминанд ва на ҳама аз донишҷӯён аз ин фанновариҳо баҳра мебаранд.

Ташхиси саратон бо тилло


Муҳандисони исроилӣ абзори дорои зарраҳои хурди тиллоро ихтироъ кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо қодир аст, аз нафаси бемор нишонаҳои варами саратонро ошкор кунад. Ба гуфтаи онҳо, абзори ташхисии мазкур метавонад пеш аз пайдо шудани варам дар ташхиси рентгенӣ, нишонаҳои онро дар нафаси бемор ошкор намояд. Ин абзор, ки ба гуфтаи офарандагонаш гарон нахоҳад буд, бо дурустии 86 дарсад варами саратонро дар шуши бемор дар марҳилаи аввали пайдоишаш ташхис кардааст, ки дар ин марҳила илоҷи дармони он ҳаст. Усули рентгенӣ, саратонро дар марҳилаҳои инкишофаш ташхис мекунад, ки дар ин марҳила саратон дармоннопазир мешавад.

Даъвати Пан Ги Мун барои ҷилавгирӣ аз гармоиши замин

Пан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милал аз манотиқи арктикии Норвегия дидан мекунад, ки ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба масъалаи тағйири иқлим аст. Пан Ги Мун аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон хостааст, ҷиҳати коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ, омилони аслии гармоиши курраи Замин тадобири қатъӣ биандешанд. Дар акси ҳол ба гуфтаи дабири кулли Созмони Милал инсоният дучори фалокату мусибатҳои азиме хоҳад шуд. Донишмандон мегӯянд, ки яхистонҳои васеъи Арктика назар ба ончӣ тассавур мешуд, зудтар об мешавад ва дар сурати идомаи ин вазъ, ба гуфтаи Пан Ги Мун Арктика аз тамоми яхистонҳояш маҳрум хоҳад шуд. Интизор меравад, ки моҳи декабр сарони кишварҳои дунё тарҳи паймони байналмилалӣ дар мавриди коҳиши газҳои олудакунандаи ҳаворо имзо кунанд.

Барои шунидани барномаи навбатии маҷаллаи илм ва фанноварӣ ишораи чандрасонаӣ дар гӯшаи саҳифаро нохун занед.
XS
SM
MD
LG