Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бахши навбатии филми Мӯъмин Шокиров, “Қатори Душанбе – Маскав”, бархӯрди милиса, марзбонон ва гумрукиёни Узбакистонро хоҳед дид.

Муфаттишони ин қатор на танҳо бору буна, балки тани мусофиронро мисли ин ки “мӯ ба мӯ” кофтуков мекунанд. Барои онҳо ҳар як мусофири тоҷик, чи пиру чи тифл ва чи марду чи зан қочоқбари эҳтимолии маводи мухаддир аст.

Мусофире агар мехоҳад, ки муфаттишон бо ӯ инсонвор муносибат кунанд, ҳатман ба балое гирифтор хоҳад гашт. Ҳарчанд низомиёни Узбакистон ба Шокиров ва Александр Кулигин наворбардориро манъ кардаанд, аз рӯи чанд саҳна ва афсурдагии мусофирон ҳақиқати ҳолро хоҳед дид.

Агар бахши якум ва дувуми филмро надида бошед, беҳтар аст онҳо бубинед ва сипас бахши савумро.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG