Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинежод таҳдидро нодида гирифт


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон таҳдидҳои Амрикоро дар мавриди имкони таҳрими воридоти нафти Эрон нодида гирифт. Хабаргузории Форс аз қавли вай гуфтааст, саноати нафти Эрон ин гуна таҳримҳоро метавонад паси сар кунад. Вай ҳамчунин аз вазорат хост, ки кори полоишгоҳҳои нафтро самарбахш кунад, то эҳтиёҷоти дохилиро бароварда созад. Қонунгузорони Амрико аз Барак Обама тақоза кардаанд, ки вай ба Эрон фишор орад, то ин кишвар натавонад ба воридоти нафт такя кунад. Эрон дуввумин кишвари содиркунандаи нафт дар ОПЕК ё кишварҳои содиркунандаи нафт ба шумор меравад, вале ба сабаби надоштани полоишгоҳ ё корхонаҳои тасфия 40 дарсади бензини худро аз хориҷ ворид мекунад
XS
SM
MD
LG