Пайвандҳои дастрасӣ

Кафшзани ироқӣ аз зиндон раҳо шуд


Мунтазир ал Зайдӣ-хабарнигори телевизиони Ироқ, ки барои андохтани кафш ба сӯи Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури пешини Амрико зиндонӣ шуда буд, аз зиндон раҳо шуд. Удай ал Зайдӣ-бародари вай гуфт, ки Мунтазир зиндонеро дар пойгоҳи низомӣ тарк кардааст ва чанд нафар аз намояндагони порлмони Ироқ вайро ҳамроҳӣ мекардаанд. Ин рӯзноманигор, ки чандон маъруф набуд, баъд аз андохтани кафши худ ба сӯи Ҷорҷ Буш ҳоло дар ҷаҳони араб ба як қаҳрамон табдил ёфтааст. Вай ба нишонаи эътироз бар зидди вуруди нируҳои Амрико ба Ироқ кафши худро ба сӯи Ҷорҷ Буш андохта буд. Мунтазир барои тавҳину таҳқири раҳбари кишвари хориҷӣ аслан ба 3 соли зиндон маҳкумшуда буд. Вале баъд аз дархостҳо ҳукми зиндони вай ба як сол оварда шуд.
XS
SM
MD
LG