Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Суғд вакили мудофеъ бо ришва ба даст афтод


Дар вилояти Суғд як вакили мудофеъ ҳангоми гирифтани 500 доллар ришва ба даст афтодааст. Раёсати умури дохилаи вилоят хабар додааст, ки вакили мудофеъ Зоҳид Тӯраев дар ноҳияи Зафаробод аз сокини ин ноҳия Сайёра Баротова барои таҳияи асноди хариду фурӯши хона 500 доллар ришва хостааст. Барои чунин рафтор бар зидди вакили мудофеъ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG