Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Карочӣ аз ҳамла ба амбори нафт пешгирӣ шуд


Пулиси Покистон дар шаҳри Карочӣ гуфт, ки онҳо дар наздикии муҳимтарин бандари ин шаҳр аз як ҳамла ба амбори нафт пешгирӣ кардаанд. Бори нахуст ин гуна талош барои ҳамла ба амбори нафт дар ин шаҳр мушоҳида мешавад. Карочӣ бузургтарин шаҳри Покистон аст ва бандарҳои обии ин кишвар дар ҳамин шаҳр ҷойгиранд. Пулис гуфт, рӯзи душанбе се мард дар либоси занона савори мошин посбони амборро дар дами дар куштаанд ва саъй кардаанд вориди амбор шаванд. Вақте, ки пулис ба сӯи онҳо оташ кушодааст , онҳо по ба фирор ниҳодаанд. Ҳуввияти онҳо шиносоӣ нашудааст. Аммо пулис ҳадс мезанад, ки шояд онҳо ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ муттаалиқанд, гурӯҳҳое, ки бар зидди онҳо артиши Покистон дар водии Свот мубориза мекунад.
XS
SM
MD
LG