Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи замони оғози бозиҳои Ҷоми раиси AFC


Конфедеросиюни футболи Осиё замони оғози бозиҳои сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC-ро, ки аз 25-ум то 27-уми сентябри соли равон барои аввалин бор дар Тоҷикистон, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода, баргузор хоҳад шуд, тасдиқ намуд.

Бозии аввали ниманиҳоӣ байни дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва «Ишқобод»-и Туркманистон 25-уми сентябр соати 11-у 30 дақиқа шурӯъ мешавад. Баъдан дар варзишгоҳи «Металлург» соати 16 бозии дуввуми ниманиҳоӣ байни дастаи мизбон - «Регар» ТадАЗ ва ВАПДА-и Покистон оғоз меёбад. Бозии ҳалкунанда ва ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ рӯзи якшанбе, 27-уми сентябр, соати 15 шурӯъ хоҳад шуд.

Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC аз соли 2005 барои панҷумин бор баргузор мешавад. Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Дордой-Динамо» дуборӣ барандаи ин Ҷом гардидаанд.

Дар мусобиқаи соли гузашта дар шаҳри Бишкек «Регар» ТадАЗ дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон - «Дордой-Динамо» - аз рӯи силсилаи пенолти ғолиб шуда буд.
XS
SM
MD
LG