Пайвандҳои дастрасӣ

Нетаняҳу даъвати Амрикоро радд кард


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу даъвати Амрико ба тавқифи шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдун ва дар шарқи Байтулмуқаддасро радд карда, дар иваз коҳиш додани ҳаҷми шаҳраксозиро ва он ҳам барои як муддати муваққат пешниҳод кардааст.
Ин дар ҳолест, ки қарор аст, ки ӯ имрӯз бо фиристодаи Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл мулоқот кунад. Митчелл ба Исроил фишор меовард, ки дар чаҳорчӯби талошҳо ба манзури аз сар гирифтани музокироти сулҳ бо фаластиниҳо сохтани шаҳракҳои яҳудинишинро дар каронаи бохтарӣ ва дар шарқи Байтулмуқаддас муттаваққиф кунад.
Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, ки низ имрӯз бо Митчелл мулоқот мекунад, гуфтааст, ки то замони ба тавқифи шаҳраксозиаш иқдом кардани Исроил музокироти сулҳро аз сар нахоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG