Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи ҳоким дар Норвегия боз баранда шуд


Сарвазири Норвегия Йенс Столтенберг иддао дорад, ки интихоботи саросарии дирӯзаро эътилофи чапгарои ӯ бурдааст. Шумориши аксарияти кулли оро ҳокист, ки эътилофи ҳоким, ки ҳизби коргарии Столтенберг ва ду ҳизби дигарро муттаҳид мекунад, 86 курсӣ аз 169 курсии парлумон, яъне чизе бештар аз нисфи курсиҳоро ба даст меорад. Ҳукумати феълӣ нахустин давлатест, ки инак 16 сол боз дар сари қудрат қарор дорад. Таҳлилгарон аз чанголи бӯҳрон бидуни осеби ҷиддӣ раҳидани Норвегияро як далели бақои ин давлат мехонанд.
Мизони бекорӣ дар Норвегия ҳамагӣ 3 дарсад, яъне камтарин дар тамоми Аврупост ва даромади кишвар аз фурӯши нафту газ ҳудуди 400 миллиард доллар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG