Пайвандҳои дастрасӣ

Музокирот бо Эрон дар авоили октябр доир хоҳад шуд


Музокироти Эрон бо 6 қудрати бузурги ҷаҳонӣ бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон дар авоили моҳи октябр шурӯъ хоҳад шуд. Дафтари раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана таъйид кард, ки ӯ рӯзи 1 октябр бо раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон Саид Ҷалилӣ мулоқот мекунад. Макони музокирот ҳанӯз мушаххас нашудааст. Солана аз номи гурӯҳи “5 ҷамъи 1”, ки 5 узви доимии Шӯрои Амният бо иловаи Олмонро муттаҳид мекунад, бо Эрон музокирот хоҳад кард. Амрико ба Эрон ҳушдор дода буд, ки то поёни моҳи сентябр пушти мизи музокирот баргардад, вагарна бо таҳдиди таҳримоти бештар рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG