Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Норов аз исломбадбинӣ дар Ғарб сӯҳбат кардааст


Вазири хориҷаи Узбакистон Владимир Норов дар пайи музокироташ бо мақомоти ИА дар Брюссел Ғарбро ба исломбадбинии густурда айбдор кард. Норов гуфт, “дар Ғарб исломбадбинии хеле фарогир ва пешқазоват алайҳи кишварҳои осиёиву мусалмонӣ ҳукмфармост.”
ИА дар пайи ин музокирот Узбакистонро ба иқдомоти амиқтар дар роҳи беҳбуди вазъи нигаронкунандаи ҳуқуқи башар ва озодиҳои аслӣ дар он кишвар даъват кард. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, нирӯҳои давлатии Узбакистон зимни саркӯб кардани намоишҳои эътирозии 4 соли пеш дар Андиҷон садҳо нафарро ба ҳалокат расонданд. Вале Тошканд ҳалокати 187 нафарро дар он ошӯбҳо эътироф карда, ҷангиёни исломиро дар таҳрик додани он хушунатҳо айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG