Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 4 сарбози хориҷӣ дар ҷануби Афғонистон


Ду ходими НАТО дар ҷануби Афғонистон бар асари таркиши бомби худсохт кушта шуданд. Мақомоти Амрико таъйид карданд, ки ҳарду кушташуда амрикоӣ будаанд.
Як сарбози Бритониё низ дар ҷануби Афғонистон дар натиҷаи ҳамла ба ҳайъати дидбонӣ ҳалокат расида ва як ходими дигари НАТО рӯзи якшанбе бар асари таркиш ҷони худро аз даст додааст. Ҷангиёни толиб имсол истифода аз бомбҳои рӯироҳро афзоиш додаанд ва бахши аъзами талафоти ҷонии НАТО дар Афғонистон имсол бар асари таркидани чунин бомбҳост.
XS
SM
MD
LG