Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз мусаллаҳшавии Венесуэла


Вошингтон дар пайи имзои қарордоди фурӯши таслиҳоти низомии Русия ба Венесуэла аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки Каракас метавонад бо ин иқдомаш ба оташи сабқати мусаллаҳшавӣ дар Амрикои Лотинӣ равған бирезад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Ян Келлӣ гуфт, азми Венесуэла ба сӯи тақвияти иқтидори низомиаш суботро дар нимкураи ғарбӣ ба чолиши ҷиддӣ мекашонад. Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес рӯзи якшанбе гуфт, Русия розӣ шудааст, ба манзури харидории тонкҳову мушакҳояш ба Каракас 2 миллиарду 200 миллион доллар қарз бидиҳад.
XS
SM
MD
LG