Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Обама ба Волл Стрит


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ниҳодҳои молии кишварашро ҳушдор дод, ки ба даврони рафторҳои бемасъулиятона ва масрафоти беҳудаи то замони бӯҳрон, ки мунҷар ба пасрафти иқтисоди ҷаҳонӣ шуд, барнагарданд. Обама дар солгарди варшикастагии ширкати Lehman Brothers гуфт, ки иқтисод ва низоми молӣ аломатҳое аз эҳёи дубора медиҳанд, вале ин набояд мояи хотирҷамъӣ шавад ва бонкҳо набояд боз ҳам ба идомаи ёриҳои давлатӣ умед банданд.
Раисиҷумҳури Амрико гуфт, баръакс ширкатҳое, ки аз чанги бӯҳрон растанд, набояд қарзи худро дар пеши мардуми Амрико фаромӯш кунанд, балки вақт аст, ки акнун тавассути қарзҳои боимтиёз қарзи худро ба мардуми ниёзманд баргардонанд.
XS
SM
MD
LG