Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти вижаи нирӯҳои Амрико дар Сомалӣ


Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, нирӯҳои Амрико дар Сомалӣ бо истифода аз чархбол ҳамлае анҷом додаанд, ки бовар меравад, мунҷар ба ҳалокати як ҷангии шинохтаи шабакаи Ал-Қоида дар Африқои шарқӣ шуда бошад.
Ин мақомот бидуни бурдани ном гуфтаанд, ҳамлаи дирӯзаи чархболи амрикоӣ ба як мошин дар минтақаи Бараве, дар ҷануби пойтахти Сомалӣ, шаҳри Муғадишу Солеҳалӣ Солеҳ Набҳонро кушта ба ҷо гузошт. Бино ба хабарҳо, Амрико Набҳони кениёитаборро бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи соли 2002 ба як меҳмонсаро ва ҳамлаи ноком ба ҳавопаймои Исроил дар бандари Мумбасаи Кения таҳти пайгард қарор дода буд.
Коршиносони амниятии Ғарб нигарони Сомалианд, ки ба маҳзи бензамиаш ба паноҳгоҳи ҷангиёни исломӣ табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG