Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли таҳсил дар бахши душанбегии МГУ шурӯъ шуд


Дирӯз нахустин соли таҳсил дар бахши душанбегии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов расман оғоз ёфт. Донишгоҳи маъруфи Маскав донишҷӯёнро дар бахши душанбегиаш дар ду ришта – информатика ва равобити байналмилалӣ ба таҳсил фаро мегирад. Дар ин ду ришта маҷмӯъан 45 донишҷӯ ба таҳсил шурӯъ кардаанд. Имсол ҳамин тавр беш аз 200 толибилм аз Тоҷикистон барои таҳсил ба макотиби мухталифи олии Русия роҳхат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG