Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми се террорист дар Бритониё


Се мусалмон аз Бритониё, ки барои ташкили инфиҷор дар ҳавопаймоҳои масири Бритониё-Амрико бомбҳои моеъ сохта буданд, ба мӯҳлати аз 32 то 40 сол равонаи зиндон шуданд. Абдулло Аҳмад Алӣ, ки аз созмондиҳандагони аслии инфиҷорҳои эҳтимолӣ маҳсуб мешавад, 40 соли ояндаро пушти панҷара сипарӣ хоҳад кард. Додгоҳ ду нафари дигар Ассад Сарвар ва Танвир Ҳусейнро мутобиқан ба 36 ва 32 соли маҳбас маҳкум намуд.
Боздошти ин се нафар дар соли 2006 дар Бритониё боиси нигарониҳои зиёд аз амнияти ҳавопаймоҳо ва маҳдудсозии вуруди нушокиҳо ба ҳавопаймо аз сӯи мусофирон гардид. Дар мурофиа дар додгоҳи амниятии Лондон гуфта шуд, ки ҳамлаи тарҳрезикардаи ин се нафар мусовӣ бо ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 ба Амрико буд.
XS
SM
MD
LG