Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ширкат кард


Намояндаи ИМА барои нахустин бор дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева ширкат кард. Ёвари Котиби давлатии Амрико Эстер Бриммер ҳузури намояндаи кишвараш дар нишасти ин Шӯроро, ки ба он 47 кишвар шомиланд, «рӯйдоди муҳим» номид. Маъмурияти Ҷорҷ Буш ин созмони байнулмилалиро барои он интиқод мекард, ки ба он, аз нигоҳи Кохи Сафед, кишварҳои ғайридемократӣ ҳам шомил шудаанд. Баъди сари қудрат омадани Барак Обама сиёсати ИМА дар мавриди ин Шӯро тағйир хурд ва моҳи майи соли равон Амрико бори аввал аз сӯи Маҷмааи Куллии СММ ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи башар пазируфта шуд.
XS
SM
MD
LG