Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи ҷавонони деворнависи тоҷик


Намунае аз намоишгоҳи «Граффитӣ ва парвози хаёлот»
Намунае аз намоишгоҳи «Граффитӣ ва парвози хаёлот»

Қатраи булӯрин дар миёни ду кафи инсон, дили шӯълабор, фариштаи некхоҳ, бонуе дар оғуши рӯъё, меъмориҳои Самарқанд, гулу гиёҳ ва дигар зебоиҳои табиат дар нахустин намоишгоҳи хурди рассомии «Граффитӣ ва парвози хаёлот» дар маркази Душанбе ба намоиш гузошта шуданд.

Қатраи булӯрин дар миёни ду кафи инсон, дили шӯълабор, фариштаи некхоҳ, бонуе дар оғуши рӯъё, меъмориҳои Самарқанд ва ...

Қатраи булӯрин дар миёни ду кафи инсон, дили шӯълабор, фариштаи некхоҳ, бонуе дар оғуши рӯъё, меъмориҳои Самарқанд, гулу гиёҳ ва дигар зебоиҳои табиат дар нахустин намоишгоҳи хурди рассомии «Граффитӣ ва парвози хаёлот» дар маркази Душанбе ба намоиш гузошта шуданд.

Ин ҳама наққошиҳо маҳсули дасти ҷавонону донишҷӯёни ҳунарманду боистеъдоди тоҷик аст, ки чанд рӯз аст дар намоишгоҳи вижаи назди майдони «800-солагии Москва» ба маъраз гузошта шудааст. Созмондиҳандагони он Бунёди рушди Авроосиё ва созмони сайёҳии «Зара» мебошад.

Дар намоишгоҳ маҳсули ҳунари деворанависони ҷавон Фарангис Усмонова, Меъроҷ Қосимов, Фариддун Давлатмамадов, Муҳаммадҷон Сидиқов, Меҳргони Темур, Марям Ҳакимова, Умеда Фозилова ва дигарон пешниҳод гардиданд.


Худи вожаи «граффитӣ», ки ба форсӣ ҳамчун ҳунари деворнависӣ тарҷума шудааст, аз забони итолиёӣ гирифта шудааст. Ин жанри ҳунари рассомиро аз қадим барои ифодаи нақшу нигори рӯи девор, хату матни рӯи таблову парда навишташуда ба кор мебурданд.
Дар забони имрӯз истилоҳи граффитӣ ё деворнависӣ бештар барои ифодаи ҳунари наққошии онҳое ба кор бурда мешавад, ки бо истифода аз рангҳои обии балонӣ, шабеҳи дезодарант ҳунари худро ифода мекунанд. Имрӯз мегӯянд, ватани граффитиҳои муосирр Ню Йорк шинохта мешавад, ки дар баробари мусиқии ҳип-ҳоп рушд кардааст.

Рӯз аз рӯз ин ҳунари деворнависӣ аз шаҳр ба шаҳр ва аз кишвар ба кишвари дигар кӯчида тавсеаи бештар пайдо кардааст. Бояд гуфт, муносибати ҷомеаҳои ин кишварҳо ба граффитӣ маъмулан якранг набудааст: бархе деворнависиро ҳунар ва ҳунари замонавии наққошӣ арзёбӣ карда, ҷонибдори арзи ҳастӣ кардани он дар девору баландиҳои шаҳр мебошанд.

Бархе дигар, ки шадидан мухолифи он ҳастанд, мегӯянд, ки ҷавонҳо ҳунари меъмории шаҳрро ба инобат нагирифта, бо наққошиҳои озоди худ намуди зоҳирии сохтмонҳоро зишту хароб мекунанд.

Хуб, ба ҳар ҳол, таҷрибаи чандинсола нишон медиҳад, ки дар ниҳояти амр аз миёни ҳамин ҷавонҳои деворнавис рассомону тарроҳони хеле боҳунар ташаккул меёбанд.

Дар Тоҷикистон ҳам, намояндагони ин ҷараёни муосири рассоми фаъолона амал мекунанд. Дар нигораҳои онҳо бештар мавзӯи зиндагӣ, манзараҳои табииро дидан мумкин аст, ки бо шеваи хеле хос ифода шудааст.

Ташаббускорони намоишгоҳи «Граффитӣ ва парвози хаёлот» дар Душанбе мегӯянд, ки ҳадафи онҳо фароҳам овардани имкони баёни андеша ва тахайюл ба ҷавонони боистеъдоди деворнавис мебошад.

Заррина Пӯлодова, раҳбари созмони “Зара” гуфт, ки баъди анҷоми намоишгоҳ офаридаҳои мазкур ба фурӯш гузошта шуда, маблағи ба даст омада ба суратҳисоби хонаҳои ятимон, пиронсолон ва мактаб-интернатҳо ирсол мешавад.

Вай мегӯяд, тавассути зебоипарастӣ онҳо мехоҳанд якбора ба чанд ҳадаф даст ёбанд: сокинони Тоҷикистонро бо ҳунари тозаи ҷавонони боистеъдоди рассом шинос кунанд, афкору андешаи хайрхоҳиро дар зеҳни онҳо ҷо диҳанд ва парвози хаёлоти рассомони ҷавонро фарох гардоранд. Ба назар мерасад, онҳо ба ҳадафи худ расиданд…
XS
SM
MD
LG