Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cолҳои ахир дар Тоҷикистон дар либоспӯшӣ мудҳои мухталифе ворид ва хориҷ мешавад, ки умри бархе онҳо чанд моҳаке аст.

Аммо мудҳое наве, ки махсуси либоси миллии тоҷикӣ бошад ва ҳадди ақал дар худи Тоҷикистон пайравон ва муштариёни худро дошта бошад, хеле кам ва ҳатто ангуштшумор ба назар мерасад.

Вале ин бар он маънӣ нест, ки дар либосдӯзиву либоспӯшӣ мардуми Тоҷикистон фақат, ба истилоҳ, аз муди аҷнабӣ истифода мекунанд, аммо бояд ҳам қоил шуд, ки мудҳоеро ки баъзан маврид хоси миллати тоҷик мегӯем, омехта ба муди дигар миллатҳост.

Ва ин аст, ки ман, Барот Юсуфӣ, дар шумораи имрӯзи маҷалли «Як рӯз бо шумо» шуморо ба сӯҳбати тарроҳони либос ва чевар ва ё дӯзандаҳо хоҳам бурд, ки онҳо сарчашмаи зуҳури мудҳои нави либос дар Тоҷикистонро аз дигарон хубтар медонанд ва шояд посухи ин суолро ҳам дошта бошанд, ки чаро муди либоси миллии тоҷикиеро дар солҳои ахир намешавад муаррифӣ кард.

Аммо бояд ин ҷо фаромӯш накунем, ки дар гузаштаи дур ва начадон дур миллати тоҷик сохт ва муди либосҳои хоси худро дошт, ки то ҳанӯз ба гунаҳои мухталиф боқӣ мондааст.

Албатта асли чунин либосҳои миллӣ ва муди либоспӯшии мардуми тоҷик дар гузаштаро танҳо аз осорхона пайдо кардан мумкин аст. Аз ин хотир ман шуморо ибтидо ба осорхонаи миллии Тоҷимкистон ба номи Камолиддини Беҳзод мебарам ва муди либосҳои қадими тоҷикро ба шумо муаррифӣ мекунам.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG