Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ин матлаб бо супориши яке аз хонандагони доимии сомонаи мо, Forsage -SD, ки ба бахши "Супориш ба Озодӣ" нома навишта буд, омода гаштааст.

Ширкати «Газпромнефт»-и Тоҷикистон, ки мутааллиқ ба Русия аст, воридкунандаи аслии маводи сухт дар бозори дохилии Тоҷикистон ба шумор меояд.

Ба гуфтаи Акбар Ҳоҷаев, раиси бахши рушди рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ширкати «Газпромнефт» 28,3 дарсади маводи сухтро ворид мекунад, ки дар ин бозор доминант, ё таъинкунанда ба ҳисоб меравад.

Ҷаноби Хоҷаев афзуд, ҳамчунин ширкати «Нури Дилшод» 11,4 дарсад ва ширкати «Умед-88» - 5,1 дарсади маводи сухтро ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Ба қавли ӯ, ин се ширкат воридкунандагони аслии маводи сухт ба ҳисоб меоянд.

Вай мегӯяд, соли гузашта 34 ширкат ва соҳибкорони инфиродӣ ба Тоҷикистон маводи сухт ворид мекарданд ва имсол теъдоди онҳо 40 дарсад афзудааст. Акбар Хоҷаев афзуд, то имрӯз 212 ҳазор тонна бензин ба кишвар ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазор тонна бештар аст.

НАФТИ АРЗОН ВА БЕНЗИНИ ГАРОН?

Пас суоли аслии матруҳа ин аст: Дар сурате, ки бензин зиёд ворид шудааст, пас ба чӣ далел қиммати бензин дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст? Дар ҳоле, ки як бушка нафт ҳудуди 60-65 доллар қиммат дорад ва дар соли гузашта нархи он 170 долларро ташкил медод.

Нархи бензин феълан дар шаҳри Душанбе аз 3,3 то 3,9 сомониро ташкил медиҳад
Акбар Хоҷаев, раиси бахши рушди рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар посух ба ин суол гуфт, далели аввал боло рафтани қиммати фурӯши бензин дар Русия аз сӯи корхонаҳои полоиши бензин аст.

Ба қавли ӯ, сабаби дуввум масорифи роҳкиро ва тарофаҳои гумрукиву андозӣ ва аксизҳо ба ҳисоб меояд. Вай афзуд, агар соли гузашта як тонна бензин ба қиммати 400 доллар вориди Тоҷикистон мешуд, имсол нархи он ба 600 доллар мерасад.

Аммо ба эътиқоди Аҳлиддини Ҳиммат, тоҷири Душанбешаҳр, далели аслӣ он чизе нест, ки ҷаноби Хоҷаев мегӯяд, балки далели аслӣ контроли ин бозор аз сӯи ширкатҳои аслии воридкунандаи бензин ба Тоҷикистон аст, ки нархи бензин дар бозорро таъин мекунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳиммат, ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ НДС ё андози афзуда бар арзиш аз 20 то 18 дарсад ва тарофаи аксиз то 15 дарсад кам шудааст. Ва агар воқеиятро гӯем, як литр бензин ба иловаи ҳамаи тарофаҳои андозу гумрук, фоидаи воридкунандаҳо ва фурӯшандаҳову ҳиссаи пуштибонони ин ширкатҳо аз 3 сомонӣ набояд зиёд шавад.

Ҷаноби Ҳиммат гуфт, «қиммати роҳкирои бензин то марзи Тоҷикистон дохили ҳамон 400 доллар аст ва дар дохили Тоҷикистон воридкунанда маблағи зиёде сарф намекунад. Бино ба тахминҳои ман, дар ҳоли ҳозир 1 литр бензини А-92 ду сомониву панҷоҳ-шаст дирамро ташкил медиҳад».

Вай афзуд, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон тавони назорат бар қиммати бензинро аз даст додааст ва ҳар нархе, ки ширкатҳои аслии воридкунанда таъин кунанд, вазорат ҳам розист.

ВАЗЪ ДАР БОЗОРИ ҒАЛЛА

Дар мавриди воридоти дигар маводҳои аввалия, аз ҷумлаи орд, гандум ва шакар низ ҳамин вазъ дар ҷумҳурӣ ҳукмфармост.

Акбар Ҳоҷаев, раиси бахши рушди рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт, ки дар ин бозор ширкатҳои «Захира», «Саманд» ва «Нури Дилшод» аз чанд сол бад-ин сӯ фаъолият доранд.

Дар ҳоле, ки ба тиҷорат даст задани мақомдорон аз рӯи қонун мамнӯъ аст, онҳо ширкатҳои тиҷоратии худро ба номи наздикону пайвандони худ сабти ном кардаанд ...
Ширкати «Захира» ҳамон Оҷонси ғалла аст, ки аз пардохти ҳама гуна молиёту андоз озод аст ва ба қавле, захираи ғаллаи давлатро харидорӣ мекунад, ки дар сол то 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ин ширкат ғайр аз ғалла колоҳои дигар, аз ҷумла маводи сухт низ низ ворид мекунад. Ин ширкат ҳамчунин талош дорад дар фурӯши бензин бо ширкатҳои хусусӣ рақобат кунад ва қимати бензини фурӯшии оно нисбат ба дигар ширкатҳо дар ҳудуди 10-20 дирам арзонтар аст.

Аммо ҷаноби Хоҷаев аз саҳми ин ширкатҳо дар ворид кардани орду гандум ва шакар ба истинод ба меъёрҳои тиҷорат худдорӣ кард ва гуфт, ки ин сирри тиҷоратии ин ширкатҳост ва ӯ ҳақ надорад инро ошкор кунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамчунин арқом дар кишварҳои ҳамсояи мо сирри тиҷоратӣ нест ва ҳамарӯза аз тариқи расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизиёнӣ, дар ин бора иттилоъ пахш мешавад.

Мақомоти кумитаи гумруки Тоҷикистон низ ба истинод ба оинномаи гумруки Тоҷикистон аз ироаи саҳми ин ширкатҳои дар воридкунии орду ғалла худдорӣ карданд.

ЯККАТОЗОНИ БОЗОРИ ОРДУ ГАНДУМ

Бархе аз тоҷирон мегӯянд, ширкати «Сахӣ» аз ширкатҳои аслии воридкунандаи орд ба Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Ин ширкат дар ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши орд ва намояндагиҳои худро дорад. Ба гуфтаи Саиди Нуриддин, тоҷири шаҳри Душанбе, ин ширкат мутааллиқ ба наздикони Муродалӣ Алимардонов – муовини нахуствазири Тоҷикистон аст.

Бо вуҷуди ин Саиди Нуриддин гуфт, бидуни пуштибони молӣ дар Тоҷикистон наметавон ба тиҷорат машғул шуд ва ин як амри маъмулист. Дар ҳоле, ки ба тиҷорат даст задани мақомдорони Тоҷикистон аз рӯи қонун мамнӯъ аст, онҳо ширкатҳои тиҷоратии худро ба номи наздикону пайвандон сабти ном кардаанд.

Маводи сухт, орду ғалла ва шакар аз сӯи ширкатҳое ворид карда мешавад, ки ба гунае тобеи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва бархе аз мақомдорони давлат ва ё шахсони наздик ба мақомоти баландпояи давлатӣ ҳастанд ...
Вале Саиди Нуриддин ба яккатозӣ дар бозори дохилӣ аз сӯи ширкатҳои аслиро намепазирад. Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон ҳар як тоҷир метавонад колои мавриди ниёзи худро ворид кунад, дар сурате, ки бисёре аз тоҷирон аз чунин имконият ба далели даст наёфтан ба гирифтани қарз аз бонкҳо маҳруманд.

Аммо Раҳматулло Валиев, коршиноси иқтисод, мутмаин аст, ки бозори дохилии Тоҷикистон аз сӯи ширкатҳое контрол мешавад, ки пуштибонони онҳо кормандони давлатии Тоҷикистон ҳастанд.

Акбар Ҳоҷаев, раиси бахши рушди рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба ин иддаоҳои ҷаноби Валиев розӣ нест. Вай мегӯяд, «то ба ҳол дар бораи монополия ё рақобати носолим дар робита ба ширкатҳои воридкунандаи аслӣ шикояте нарасидааст. Ва агар тоҷире дар ин бора иттилоъ дошта бошад, бигзор ба мо муроҷиат кунад».

ҲАҶМИ БОЗОРИ СИЁҲ ДАР ИҚТИСОДИ КИШВАР

Вале ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, ҳамин рақобати носолим ва инҳисор дар фаъолияти гурӯҳҳои олигополӣ дар бозори дохилӣ аст, ки бозори сиёҳ дар ҷумҳурӣ тавсеа ёфтааст ва саҳми бозори сиёҳ дар ҳоли ҳозир на камтар аз 60 дарсади иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Вале Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳаҷми бозори сиёҳ дар иқтисоди кишварро 25 дарсад тахмин задааст.

Ба гуфтаи тоҷирон Аҳлиддини Ҳиммат, Саиди Нуриддин ва коршинос Раҳматулло Валиев, маводи сухт, орду ғалла ва шакар аз сӯи ширкатҳое ворид мешавад, ки ин ширкатҳо ба гунае тобеи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва бархе аз мақомдорони давлат ё шахсияти наздик ба мақомоти баландпояи давлатӣ ҳастанд.

Ба эътиқоди онҳо, маводи сухт ба гунае ба фаъолияти «Ориёнбонк» ва орду шакар ба «Агроинвестбонк» ва дигар муассисаҳои сармоягузор бастагӣ дорад. Ва ба ҳамин далел мақомоти давлатӣ аз додани иттилоъ дар бораи саҳми ширкатҳои воридкунанда худдорӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG