Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигор аз Узбакистон ҷуброн мехоҳад


Шӯҳрат Шодиев, рӯзноманигори мустақили тоҷик

Шӯҳрат Шодиев, рӯзноманигори мустақили тоҷик

Шӯҳрат Шодиев, рӯзноманигори мустақили тоҷик, боздошти беш аз якмоҳаи худ дар Ӯзбакистонро амали ғайриқонунӣ арзёбӣ кард.

Ӯ ният дорад то Ӯзбакистонро водор созад, ки хисороти маънавӣ ва моддии ба ӯ расидаро ҷуброн кунад ва ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат хоҳад кард.

Шӯҳрат Шодиев, рӯзноманигори мустақили тоҷик, дар роҳи бозгашт аз Русия ба ватан аз сӯи нерӯҳои амниятии Ӯзбакистон бо иттиҳоми ворид кардани адабиёти мамнӯъа ва диску наворҳо бо садои овозхонони чеченӣ ва як туфанги пневманитикӣ боздошт карда шуд.

Вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан монанд аст. Аммо дар Узбакистон бо он фарқ мекунад, ки ҳамаи маълумот ва ахбор пӯшида аст ва касе намедонад, ки дар зиндонҳои он чӣ мегузарад ...
Ӯ аз рӯзи 5-уми август то 6 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Қунғурот ва Нуқуси Ӯзбакистон дар боздоштгоҳҳои муваққатии пулис ба сар бурда ва бо эъломи афви раисиҷумҳури ин кишвар бахшида ба рӯзи истиқлолияти Ӯзбакистон, ки рӯзи 1 сентябр аст, раҳо шуд.

Мақомоти тафтишотии Ӯзбакистон дар асоси қисми 1-уми моддаи 246-и Қонуни ҷиноии Ӯзбакистон, яъне ворид кардани адабиёти мамнӯъа ба қаламрави ин кишвар, алайҳи ӯ парванда боз карданд. Ин модда аз ҷаримаи даҳ ҳадди аққали маош то панҷ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекард.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Шодиев, ба ӯ ҳангоми бозгашт танҳо сарулибосашро дода бақияи ашёи ӯ ва тӯҳфаҳо ба фарзандонаш, диктофон, диску наворҳо надодаанд. Ва тайи муддати дар боздоштгоҳ буданаш ду бор даст ба эътисоби ғизо зада ва мавриди бадрафтории маъмурони боздоштгоҳи Ӯзбакистон қарор гирифтааст.

Вай гуфт, як навбат ҳатто барои гӯё «роҳ надодан» ба як ходими пулис дар долони шӯъбаи дохилӣ ӯро зери тозиёнаи резинӣ гирифтаанд.

Зимнан масъалаи мурооти ҳуқуқи боздошт ва маҳкумашудагон дар зиндонҳои Ӯзбакистон борҳост, ки аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ зери интиқоди шадид қарор гирифтааст. Коршиносон мегӯянд, махсусан боздоштгоҳи муваққатии шумораи 9 ва ё СИ-9 дар шаҳри Қунғуроти Ӯзбакистон, ки Шӯҳрат Шодиевро чанд рӯзе дар ин боздоштгоҳ нигоҳ доштаанд, бо шароити бад ва муносибати хашини кормандонаш бо муттаҳамон машҳур шудааст.

Абдуқаюм Юсуфов, як тан аз вакилои дифои Тоҷикистон, гуфт, вазъи риояти ҳуқуқи инсон дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан, ки монанд аст. Аммо Ӯзбакистон бо он фарқ мекунад, ки дар инҷо ҳамаи маълумот ва ахбор пӯшида аст ва касе намедонад дар зиндонҳои он чӣ мегузарад. Аммо аз сӯҳбатҳо бо ҳамтоёни ӯзбакистонӣ маълум мешавад, ки шарту шароити муттаҳамон ва маҳкумшудагон ниҳоят бад аст.

Дар ҳамин ҳол як масъули консулгарии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз қазияи Шӯҳрат Шодиев огоҳ аст. Зеро ӯ ба консулгарӣ муроҷиат карда ва дархост намулааст, ки ашёи мусодирашудаи ӯро баргардонанд ва нафароне, ки ба гуфтаи ӯ, бидуни кадом асос ӯро боздошт кардаанд, муҷозот шаванд.

Ҳамин манбаъ гуфт, ки консулгарӣ расман аз оқои Шодиев узр пурсида ва ваъда додааст, ки қазияи ӯ ба зудтарин фурсат ҳал хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG