Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба Форуми ҷаҳонии кӯдакон дар Бишкек


Бунёди атфоли СММ, ё ЮНИСЕФ, аз 15 то 17 сентябр дар шаҳри Бишкек як форуми байнулмиллалӣ баргузор хоҳад кард.

Олга Гребенникова, ҳамоҳангсози равобити берунаи дафтари ЮНИСЕФ, мақараш дар Бишкек, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки форуми мазкур масъалаҳои умдаи маорифи соири кишварҳои Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Вай гуфт, аз ҷумла тарбияи кӯдакони синни томактабӣ, роҳҳои ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони маълул, ки аз имкони дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ таҳсил кардан маҳрум ҳастанд, ҳамчунин табодули таҷриба дар ин маврид, дигаргун сохтани системаи маорифи дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз даврони шӯравии собиқ боқӣ мондааст аз шумори масъалаҳое муаррифӣ шудааст, ки иштирокчиёни форум дар меҳвари гуфтугузорҳои серӯза қарор медиҳанд.

Олга Гребенникова мегӯяд, дар ҳамин ҳол яке аз мушкилоти умдаи бахши тарбияи кӯдакони синни томактабӣ дар Қирғизистон таъмини молии кӯдакистонҳо мебошад. Ба гуфтаи ҳамоҳангсози равобити берунаи дафтари ЮНИСЕФ, дар Бишкек аксарияти кӯдакистонҳо хориҷ аз буҷаи ин кишвар фаъолият мекунанд, ки мисоли он дар кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад.

Ба таъкиди хонум Гребенникова, мониторинги раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ нишон дод, ки аксарияти кормандони кӯдакистонҳои Қирғизистон бидуни маош мондаанд. Вай гуфт, бархе аз кӯдакистонҳои ин кишвар аз тарафи ЮНИСЕФ ва донорҳои дигари байналмилалӣ таъмини молӣ мешуданд, ки дар ҳамин ҳол барномаҳо ба охир расида ва ин созмонҳо интиқоли маблағ ба кӯдакистонҳоро қатъ кардаанд.

Ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин тазаккур дод, ки як гурӯҳи нӯҳнафарӣ аз Тоҷикистон таҳти раёсати ноиби вазири маорифи ин кишвар барои ширкат дар Форум вориди Қирғизистон шудааст.

Олга Гребенникова мегӯяд, аъзои ин ҳайат субҳи рӯзи душанбе озими вилояти Ботканд шуданд, то ба кори муассисаҳои томактабии вилояти Ботканд ошно шаванд ва дар пояи он роҷеъ ба бурду бохти ин муассисаҳо назару пешниҳодоти худро дар миён гузоранд.

Ба гуфтаи хонум Гребенникова, як гурӯҳи коршиносони маъруф аз ИМА, Фаронса, Олмон ва соири кишварҳои аврупоӣ низ барои ширкат дар форум даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG