Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор ҳизби чапгарои Украина эътилоф ташкил карданд


Чаҳор ҳизби чапгарои Украина дар бораи ташкили Эътилоф ба хотири пешбарии номзади ягона дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсатҷумҳурӣ ба мувофиқа расиданд. Эъломия дар ин бора имрӯз аз сӯи раҳбарони Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиал-демократӣ, «Иттиҳоди нерӯҳои чапгаро» ва ҳизби «Адолат» имзо шуд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина рӯзи 17 январи соли 2010 баргузор мешавад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки мубориза барои ин мақом асосан миёни се номзад – раисиҷумҳури феълӣ Виктор Юшенко, сарвазир Юлия Тимошенко ва сарвазири пешини Украина Виктор Янукович сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG