Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Ҷалилӣ ва Солана дар бораи рӯзи музокирот


Музокирот миёни Теҳрон ва шаш кишвари хостори қатъи барномаи ҳастаии Эрон авоили моҳи оянда шурӯъ мешавад. Ба иттилоъи расонаҳои чопи Теҳрон, раиси ҳайати Эрон дар ин музокирот Сайид Ҷалилӣ ва раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана дар як сӯҳбати телефонӣ ба мувофиқа расиданд, ки гуфтушунид рӯзи 1 октябр шурӯъ шавад. Ва аммо дар кадом кишвар доир шудани музокирот ҳанӯз маълум нест. Қаблан мақомоти Туркия эълом доштанд, ки барои қабули ҳайатҳои вориди ин музокирот омадаанд
Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Ва аммо Теҳрон дар посух мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG