Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ: Мукофотпулӣ барои бонкдорон маҳдуд шавад


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, таҳдид намуд, ки дар сурати ҳосил нашудани созиш оиди маҳдудсозии маблағи мукофот дар бахши бонкӣ, нишасти «Гурӯҳи 20»-ро тарк хоҳад кард. Ба иттилоъи дафтари раёсатҷумҳурии Фаронса, бояд ин суханони Саркозӣ ҷиддӣ гирифта шаванд. Мақомоти Фаронса мегӯянд, маблағи бузурги мукофотпулӣ ба масъулини бонкҳо ба қабули тасмимҳое меоварад, ки бархе аз онҳо сабаби бӯҳрони сартосари молӣ шудаанд. Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё бо ин мавқеъ розӣ нестанд.
Қарор аст, ки нишасти «Гурӯҳи бист» рӯзҳои 24 ва 25 сентябр дар шахри Питтсбург баргузор ва дар он масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз бӯҳронҳои иқтисодии оянда баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG